Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

РАШТ: ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА – ТАҶАССУМИ ФАРҲАНГИ ОБОДКОРӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ

Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри татбиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, дар тамоми ҳудуди ноҳияи Рашт ҳашари дастаҷамъонаи ободонӣ бо иштироки густурдаи кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва фаъолони ҷомеа баргузор гардид.

Иштирокчиёни ҳашар бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ ба корҳои тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳо, гирду атрофи муассисаҳои давлатӣ, таълимӣ ва тандурустӣ, роҳҳои маҳаллӣ, ҷӯйборҳо ва дигар мавзеъҳои ҷамъиятӣ машғул гардида, барои беҳтар намудани вазъи санитарӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани муҳити зист саҳми назаррас гузоштанд.

Дар доираи ин иқдоми созанда инчунин корҳои нарм намудани заминҳои сабзазор, ҷамъоварии партовҳо, сафедкунии дарахтон ва деворҳои канори роҳ, обмонии арчаҳо ва ниҳолҳои ороишӣ, ба тартиб даровардани гулгаштҳо ва дигар тадбирҳои муҳими ободонӣ бо масъулияти баланд ва сифати хуб ба анҷом расонида шуданд.

Ҳашари мазкур боз як намунаи равшани ҳамбастагӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва саҳмгузории аҳли ҷомеа дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат мебошад. Имрӯз ободонии маҳал танҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ нест, балки рисолати ҳар як сокини ватандӯст ба ҳисоб меравад.

Бо чунин иқдомҳои созанда ноҳияи Рашт ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳияи баланди созандагӣ қадам мегузорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт минбаъд низ бо истифода аз тамоми имкониятҳо баргузории чунин ҳашарҳои умумиро идома дода, барои боз ҳам ободу зебо, тозаву хуррам ва сарсабз гардидани ноҳия тадбирҳои муассирро амалӣ хоҳад намуд.