Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

АКСИЯИ ТАБЛИҒОТӢ ДАР САМТИ ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ ВА ПЕШГИРИИ ТАҚЛИД БА ФАРҲАНГИ БЕГОНА

   Бо мақсади иҷрои сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона, аз ҷониби Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ғарм аксияи иттилоотию таблиғотӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ кормандони шуъба бо сокинон, занону бонувон ва ҷавонон суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, аҳаммияти ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба либоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги ғании тоҷиконро шарҳу тавзеҳ доданд.
Таъкид гардид, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими ҳувият ва худшиносии миллӣ буда, пос доштани он нишонаи эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва суннатҳои неки миллати тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки дар баробари ҳифзи арзишҳои миллӣ аз тақлид ба фарҳанги бегона ва истифодаи либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона худдорӣ намояд.
Ҳамзамон, ба иштирокчиёни аксия буклетҳои иттилоотию таблиғотӣ вобаста ба риояи фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ тақсим гардида, сокинон барои саҳмгузорӣ дар ҳифзу муаррифии фарҳанги миллӣ ва тарғиби арзишҳои асили тоҷикона даъват карда шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт чунин иқдомҳои маърифатиро ҷиҳати таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати ҷомеа мунтазам роҳандозӣ менамояд.