Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, идеологӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва саноати ноҳия дар шаш моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Тоҷиддин, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси ноҳияи Рашт муҳтарама Идизода Зарина Фузайлшо ҳусни оғоз бахшида, доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли 2026, татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин вазифаҳои афзалиятнок барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ибрози назар намуд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаи иқтисодӣ, ҳисоботи муовини раиси ноҳия Ҷононзода Маҳмадисо Юнус оид ба рушди соҳаи идеологӣ, ҳисоботи муовини раиси ноҳия Хушмаҳмадзода Фарзона Сафархоҷа оид ба рушди соҳаи иҷтимоӣ, ҳисоботи муовини раиси ноҳия Саъдуллозода Баҳром Фатҳуддин оид ба фаъолияти соҳаи сохтмон ва саноат ва ҳисоботи муовини раиси ноҳия Идибегзода Саидбек Идибег оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ шунида шуда, фаъолияти соҳаҳо мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Ҳамзамон, масъалаҳои ҷорӣ вобаста ба рафти иҷрои нақшаи ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ аз аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баррасӣ гардиданд.
Дар суханронии худ раиси ноҳияи Рашт муҳтарама Идизода Зарина Фузайлшо аз роҳбарони сохторҳо, ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот талаб намуданд, ки барои иҷрои босифати нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини иҷрои нақшаҳои андозу пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

