Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СУЛҲИ ҶАҲОН ТАВСЕА ДОДА ШУД

Дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ҳамоиши оммавӣ бахшида ба шарҳи моҳият ва аҳамияти Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дар бораи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (20272036)» қабул гардид, баргузор шуд.
Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки қабули ин қатънома боз як пирӯзии муҳими дипломатияи Тоҷикистон ва далели равшани эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати сулҳпарварона ва ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таъкид карда шуд, ки чунин иқдомҳо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳамчунин, иштирокчиён иброз доштанд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун омили муҳими таҳкими сулҳи пойдор ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзу оянда мавриди эътирофу дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифта, боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошанд.