Имрӯзи дар ноҳияи Рашт таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои энергетикии ҷумҳурӣ ва минтақа, раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, инчунин масъулону кормандони шабакаҳои барқ иштирок намуданд.
Мақсади асосии ҷаласа баррасии масъалаҳои марбут ба истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ, коҳиш додани талафоти неруи барқ, баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ ва беҳтар намудани фаъолияти филиали «Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – минтақаи Рашт» буд.
Зимни ҷаласа оид ба рафти иҷрои супоришҳои қаблан додашуда ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар фаъолияти шабакаҳои барқ гузоришҳои муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода вобаста ба вазъи воқеии зеристгоҳҳои барқӣ, омилҳои афзоиши талафоти неруи барқ, нишондиҳандаҳои техникию тиҷоратӣ, ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ ва ҳолатҳои истифодаи зиёдатии қувваи барқ аз меъёрҳои муқарраршуда ибрози назар намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин масъулони сохторҳои дахлдор оид ба тадбирҳои амалишуда ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар фаъолияти филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла минтақаи Рашт, ҳисобот пешниҳод намуданд.
Таъкид гардид, ки пардохти саривақтии маблағи истифодаи қувваи барқ, истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва муносибати сарфакорона ба неруи барқ аз ҷумлаи омилҳои муҳими таъмини фаъолияти устувори низоми энергетикии кишвар ба шумор меравад.
Дар фарҷоми ҷаласа зикр шуд, ки ҳар як шаҳрванд бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва фарҳанги истифодаи дурусти захираҳо аз неруи барқ сарфакорона истифода намуда, дар коҳиш додани талафот ва ҳифзи манфиатҳои энергетикии мамлакат саҳми арзандаи худро гузорад.

