Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ПАРВАРИШИ КИРМАК ДАР НОҲИЯИ РАШТ ИДОМА ДОРАД

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт раванди парвариши кирмак бо маром идома дошта, кирмакпарварон барои нигоҳубини дуруст ва ба даст овардани ҳосили босифати пилла тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати рушди соҳа ва иҷрои саривақтии нақшаи истеҳсоли пилла ба хоҷагидорон ҳамкории доимӣ мерасонад.