Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва дар доираи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Рашт ба 21 оила шаҳодатномаи таваллуди кӯдакон ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд. Аз ҷумла, ба як оилае, ки соҳиби сегоник — як духтар ва ду писар гардидааст, низ туҳфаҳои идона супорида шуданд.
Дар маросими тантанавӣ раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ба волидон шаҳодатномаҳои таваллудро тақдим намуда, онҳоро ба муносибати ин рӯйдоди фараҳбахш самимона табрик гуфт.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва дастгирии оилаҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбанд. Маҳз тавассути чунин иқдомҳои хайрхоҳона фазои меҳру муҳаббат ва эҳтиром нисбат ба насли наврас таҳким ёфта, барои тарбияи фарзандони солиму хушбахт заминаҳои мусоид фароҳам мегарданд.
Ин ташаббуси нек дар фазои идона баргузор гардида, ба волидон рӯҳияи болида ва ба навзодон оғози неку саодатмандонаи зиндагӣ орзу намуд.

