Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МУЛОҚОТИ МУҲИМ БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ РАШТ ДАР САМТИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ВА ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт мулоқоти судманд ва пурмазмун бо иштироки намояндагони Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҷабзода Ҷаҳон Назар ва Ғаюрзода Меҳрубон Шукрулло баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  ва инчунин фаҳмонидани мазмуну муҳтавои “Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир карда шуд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун барномаи стратегии рушди давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аҳамияти хосса дошта, самтҳои асосии пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро муайян менамояд.

Намояндагони Прокуратура дар баромадҳои худ иброз доштанд, ки дар шароити муосир масъалаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, татбиқи самараноки стратегияҳои миллӣ дар ин самт заминаи устувори таъмини амнияти ҷомеа ва суботи давлат мебошад.

Ҳамзамон, таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар пешгирии ҳама гуна зуҳуроти ифротгароӣ нақши калидӣ мебозад.

Дар ҷараёни мулоқот иштирокчиён доир ба масъалаҳои мавриди баррасӣ саволу ҷавоб намуда, фикру андешаҳои худро баён доштанд. Масъулин посухҳои мушаххас дода, ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.

Дар анҷом иштирокчиён изҳор доштанд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро ҳамчун роҳнамо дар фаъолияти минбаъдаи худ қарор дода, барои таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд.