Дар доираи сафари корӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ аз як қатор муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳияи Рашт боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид ҳолати фаъолияти муассисаҳои мазкур, шароити таълиму тарбия, сатҳи таъминот бо таҷҳизоти зарурӣ ва муҳити фароҳамгардида барои омӯзгорону кӯдакон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ ба масъулин як қатор тавсияву маслиҳатҳои судманд ироа намуда, таъкид карданд, ки беҳтар намудани сифати таълим, фароҳамсозии шароити мусоиди кору таҳсил ва тақвияти заминаҳои моддию техникӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти минбаъда ба шумор меравад.

