Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун дар фазои созандаву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба маҳсули дастони ҳунармандони маҳаллӣ баҳои баланд доданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баррасии масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҷомеа доир гардид. Дар меҳвари мулоқот масъалаҳои татбиқи самараноки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти корҳои тарбиявӣ қарор доштанд.
Ҳамзамон, зимни мулоқот ба масъалаҳои ҷалби ҷавонон, бахусус духтарон, ба таҳсилоти босифат, касбомӯзӣ ва соҳибкасб гардидани онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Зикр гардид, ки рушди ҷомеа ва пешрафти давлат аз сатҳи маърифату дониши насли ҷавон вобастагии мустақим дорад.
Дар идомаи вохӯрӣ, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва тарғиби арзишҳои миллӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Инчунин, ба масъалаи саҳмгузории фаъолонаи сокинон дар корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, таъкид шуд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар мулоқот муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлатӣ, нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот, инчунин роҳҳои пешгирии хатарҳои муосир андешаҳои муфид иброз намуданд.
Зимни баромадҳо махсус таъкид гардид, ки таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ аз омилҳои калидии таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори кишвар ба ҳисоб мераванд. Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, доир ба масъалаҳои баррасишуда пешниҳоду тавсияҳои мушаххас манзур гардиданд.

