Дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ифтихори миллӣ дар ноҳияи Рашт маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба паҳлавонони варзидаи гӯштини миллӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Тоҷиддин ва Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуда, ба варзишгарони номдор Мирмаҳмадов Ш, Лоиқзода Муҳаммадин, Шодмон Ризоев ва Раҳматулло Фарҳодбеков туҳфаҳои арзишманд тақдим намуд.
Аз ҷумла, ба паҳлавон Шакармуҳамад автомашинаи тамғаи «Камри-7» тақдим гардид.
Ба паҳлавонон Лоиқзода М, Шодмон Ризоев ва Раҳматулло Фарҳодбеков ҳар кадом яктоӣ автомашинаи барқӣ ҳамчун нишони қадрдонӣ аз дастовардҳои назаррасашон дар соҳаи варзиш супорида шуд.
Қайд гардид, ки чунин иқдомҳо ҷиҳати ҳавасмандгардонии варзишгарон, таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон мусоидат намуда, барои ноил гардидан ба дастовардҳои нав дар арсаи варзиш заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Маросими ҷоизасупорӣ дар фазои идона ва шукӯҳи хоса баргузор гардида, боиси руҳбаландии варзишгарон ва иштирокчиён гардид.
Аз ҷумла, ба паҳлавонони болозикр 4 адад воситаи нақлиёт, аз ҷумла 3 адад автомобилҳои барқӣ ва 1 адад автомашинаи тамғаи «Камри-7» бо нишони қадрдонӣ аз дастовардҳои варзишӣ ва саҳми арзандаашон дар рушди варзиши миллӣ супорида шуданд.
Қайд гардид, ки чунин иқдомҳо ҷиҳати ҳавасмандгардонии варзишгарон, таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон мусоидат намуда, барои ба даст овардани дастовардҳои нав дар арсаи варзиш заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Маросими ҷоизасупорӣ дар фазои идона ва шукӯҳи хоса баргузор гардида, боиси руҳбаландии варзишгарон ва иштирокчиён гардид.


