Санаи 3 апрели соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иҷлосияи панҷум (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.
Иҷлосияро раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қазноқ №5 Идизода Зарина Фузайлшо раисӣ намуд.
Ба рӯзномаи иҷлосияи панҷум (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт барои баррасӣ масъалаҳои зерин пешниҳод карда шудаанд:
1. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, №332 “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва раъфи обҳои партов барои солҳои 2025-2029” дар ноҳияи Рашт.(Ахбороти муовини раиси ноҳия Саъдуллозода Б.Ф).
2. Рафти иҷрои “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” дар ноҳияи Рашт. (Ахбороти муовини раиси ноҳия Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҳоит №36, Идибегзода С.И).
3. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ќалъанак №31 Гиёзода Ширинҷони Шарифҷон.
4. Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Рашт, ки дар байни иҷлосияҳо қабул карда шудаанд. (Ахбороти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Мирзоев Ҳ.Ҳ).
5. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии вакил аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ №18 Латипов Ҷовидон Абдувалиевич.
6. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии вакил аз ҳавзаи интихоботии Вардуч №6 Маҳмадов Нодир Абдуназароич.
7. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Навдонак №11, Маҳмадов Дилшод Аҳтамҷонович.
8. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Санги Маликӣ №13 Наҷмуддинов Қурбоналӣ Муҳиддинович.
9. Ҳисоботи сардори Хоҷагии ҷангали ба номи Л. Шомаҳмадови ноҳияи Рашт Муродов Қурбоналӣ.
10. Ҳисоботи сардори шӯъбаи Ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рашт Расулов Ҷамшед.

