Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, иҷрои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва «Барномаи давлатии кабудизоркунии мамлакат барои давраи то соли 2040», бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва саҳми фаъоли Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Иқдоми мазкур ба беҳдошти муҳити зист, баланд бардоштани фарҳанги экологӣ ва сабзу хуррам гардонидани диёр мусоидат намуда, ҳамзамон ҳамчун намунаи ибрат барои сокинон арзёбӣ мегардад.

