12 марти соли ҷорӣ бо иштироки омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тибби”-и ноҳияи Рашт мизи мудаввар дар мавзӯи «Роҳандозӣ ва пешгирии коррупсия дар соҳаи тиб» аз тарафи нозири бахши муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, лейтенанти адлия Тоҳирзода А.С. баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо миёни мақомоти тандурустӣ ва мақомоти назоратӣ, амалӣ намудани тадбирҳои пешгирӣ ва баланд бардоштани шаффофият дар хизматрасонии тиббӣ баррасӣ шуданд

