Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

«НЕСТ БОД САВДОИ ОДАМОН» 

  Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар толори мачлисгоҳи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон  дар ноҳияи Рашт конференсияи ҷумҳуриявии илми-амали  дар мавзуи «Савдои  одамон-зуҳуроти   муосири  поймолсозии   ҳуқуқу   озодиҳои инсон»  баргузор   гардид, ки дар кори он  намояндагони    мақомоти маҳали, ҳифзи  ҳуқуқ,  адлия, ҷавонон   ва   устодону  донишҷуён  ширкат   доштанд.
Дар  кори  конференсияи    илми-амали  намояндагони    мақомоти     ҳифзи     ҳуқуқ,   адлия, чавонон  ва  устодони    Донишкадаи  омӯзгори  бо    маърузаҳои    пурмуҳтаво   дар   назди   ҳозирин    баромад    карданд.

  Гуфта  шуд, ки  падидаи   савдои    одамон  дар   асри  ХХI    амалан  ба як   шакли   нави  ғуломдори    табдил   ёфтааст, ки    ба навъи алоҳидаи     гуруҳҳои   муташаккили ҷинояти мубаддал гардида, он айни   замон     амнияти  давлатҳои  зиёди  ҷаҳонро  бо   хатари   ҷидди рӯ ба рӯ сохтааст.

    Ин  аст, ки  ҷомеаи   ҷаҳони бо эҳсоси нигарони ва дарки ҷидди будани  мушкили  талошҳои  зиёде   дар роҳи мубориза бо савдои одамон ба харҷ медихад. Иқдомот ва барномаҳои асоси алаӣҳи ин падидаи  хавфнок  дар   бархе   санадҳои ҳуқуқи байналмиллали инъикос  ёфтаанд.

Аз   ҷумла, Консепсияи    сиёсати     ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои    солҳои    2018-2028, таъмини амнияти инсон, ҳуқуқ   ва   озодиҳои   конститутсионии  шаҳрванд   ба сифати яке аз самтҳои    афзалиятяноки   мубориза   ба   мукобили   чинояткори   муайян   ва   мушаххас   шудааст.   Дар   ин радиф  ҷиҳати    пешгирии   савдои    одамон  ва  поймолсозии    ҳуқуқи  инсон  дар   ҳамкори    бо дигар   созмонҳои   байналмиллали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   як қатор барномаҳо  амали    шуда   истодааст,   ки     ҳадафи   асосии  он     аз    ин  ҷиноятҳо   ҳамеша   пешгири     карда     шавад.