Санаи 19 феврали соли 2026 дар Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Сарбози Ватан» бо иштироки муовинони раиси ноҳия, Ҷононзода М ва Хушмаҳмадзода Ф баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ тарғиби арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва таҳкими рӯҳияи худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон арзёбӣ гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид карда шуд, ки ҳифзи марзу буми Ватан, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва пос доштани дастовардҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Барномаи фарҳангӣ бо пешниҳоди таронаҳои ватандӯстона ва намоиши барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ сурат гирифта, ба иштирокчиён руҳияи болида ва эҳсоси ифтихор аз Ватани маҳбуб бахшид.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва бо иштироки фаъолонаи намояндагони мақомоти давлатӣ, кормандони соҳаҳои гуногун ва аҳли фарҳанг анҷом пазируфт.


