Нимаи дуюми рӯзӣ 9 декабри соли равон дар долони Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт ҷамъбасти даври минтақавии Озмуни ” Хушдомани беҳтарин” баргузор карда шуд. Ғолибони даври минтақавии Озмун аз ноҳияи Рашт ва ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо қадрдонӣ гардиданд. Барномаи консертии ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия табъи ҳозиринро болида гардонид.
Сабтҳои охирин
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
21.12.2021 13:10, шаҳри Душанбе http://www.president.tj/node/27417 Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад. Бо […]
ПАРВАРИШИ КИРМАК ДАР НОҲИЯИ РАШТ ИДОМА ДОРАД
Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт раванди парвариши кирмак бо маром идома дошта, кирмакпарварон барои нигоҳубини дуруст ва ба даст овардани ҳосили босифати пилла тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати рушди соҳа ва иҷрои саривақтии нақшаи истеҳсоли пилла ба хоҷагидорон ҳамкории доимӣ мерасонад.
ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт чорабинии идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки доираи васеи афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнат, устодону донишҷӯён, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳифзи хуқуқ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ доир гардид. Чорабиниро бо сухани […]


