19 ноябри соли 2025 барои сабзу хуррам гардонидани ватани азизамон дар канори роҳҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт ҳашари ниҳолширонӣ доир карда шуда.
Хотиррасон менамоем, ки дар доираи раҳнамоиҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо барои боз ҳам ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии ноҳия шанбегиҳои дастҷамъона роҳандозӣ карда мешавад.

