Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

СИТОДИ  НАВБАТӢ  БАРГУЗОР ГАРДИД

 Санаи 12 августи  соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи  Кумитаи  Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон  дар ноҳияи Рашт бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато,  раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо   ва раисони  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ситод баргузор гардид.
 Ситод масъалаи дар муҳлати муайяншуда барқарор намудани харобаҳои зилзиларо дар ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак  мавриди муҳокима қарор дод.
Дар
ҷараёни баррасии масъала намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато  қайд намуд, ки шахсони масъул тамоми чораҳоро бояд андешанд, ки мардуми зарардида саривақт манзили зисташонро обод намоянд.  Аз ҷумла қайд гардид, ки масъулин  ба маҳали офат рафта, камбудиҳои ҷойдоштаро аз наздик дида, барои бартараф намудани онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.