Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади зебо гардондани муҳити зисту таъмини тозагии муҳит, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт корҳои тозакорӣ ва ободонӣ бо маром идома доранд.
Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар ҳафтаҳои ахир бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва сокинони маҳаллӣ ҳашарҳои дастаҷамъона оид ба тоза кардани канори роҳҳо, роҳравҳо, майдонҳо, боғу гулгаштҳо ва дигар мавзеъҳои ҷамъиятӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт аз тамоми сокинон даъват ба амал меоранд, ки дар корҳои тозакорӣ ва ободонии маҳалли зист фаъолона иштирок намоянд ва ба ин васила саҳми худро дар рушди Ватани маҳбуб гузоранд.