Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

АРТИШИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ АМНИЯТИ МИЛЛАТ

Боздиди раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо аз ҳолати будубоши сарбозони қисми ҳарбии  қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҳаллаи Сомониёни шаҳркаи Ғарм.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин, мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар шукуфоӣ гаштани Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар воқеъ, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр, бообрӯ ва нангу номуси давлатамон мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан – Модар шоистаи таҳсин буда, сарбозони шуҷои он дар ҳифзи марзу бум ва садоқат ба савганди низомӣ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд.

Аз ҷониби раиси ноҳияи Рашт ба  афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.