Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳияҳои минтақаи Рашт озмуни “суруди сарбоз” баргузр гардида, даври ҷамъбастии он дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт доир гашт. Дар чорабинӣ, намояндаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, командирони қисмҳои низомӣ, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва донишҷӯён иштирок доштанд. Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, боло бурдани ҳисси худшиносию худогоҳии миллии ҷавонон буда, хеле ҷолибу муассир аз ҷониби иштирокдорон пазируфта шуд.
Сабтҳои охирин
Ба истифода додани бинои Меҳмонхонаи «Таҳмина» дар ноҳияи Сангвор
20.09.2021 08:40, ноҳияи Сангвор 20 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия Меҳмонхонаи «Таҳмина»-ро ба истифода доданд. Бинои меҳмонхонаи «Таҳмина» аз 4 ошёна иборат буда, дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019 -2021 бо […]
ҚАДАМИ НАВ ДАР РОҲИ БЕҲТАРИИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ
Дар ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизматрасонӣ, Маркази саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Маросими ифтитоҳи иншооти нави соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва дар доираи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор […]
ФАЗИЛАТИ НАКУӢ
Дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ятимону пирони барҷомонда яке аз фазилатҳои неки инсонӣ буда, дар таърихи миллати мо анъанаи қадимӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати башардустонаи худ ин масъаларо дар мадди аввал гузошта, аҳли хайру сахоро ба анҷом додани ин амалҳои инсондустона ҳамеша ҳидоят мекунанд. […]


