Тавре қаблан хабар дода будем, кишоварзони ноҳияи Рашт тасмим гирифтаанд, ки дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо соҳаи кишоварзиро вусъат бахшида, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми шоиста гузоранд.
Ин аст, ки нақшаи кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва полезию сабзавот дар ноҳия барзиёд иҷро гардида, бо вуҷуди номусоид омадани боду ҳаво кӯшиш доранд, майдони картошказорро дар қиёси солҳои пешин ва нақшаи дар пеш истода боз ҳам бештар гардонанд.
Ҳоло дар мавзеи ҳазорчашмаи ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак барои деҳқонон тамоми имкониятҳо, аз ҷумла захираи тухми картошка ва нуриҳои минералӣ фароҳам оварда шуда, барои шудгор кардани заминҳо ҳамаи техникаҳо сафарбар гардидаанд.
Итминони комил ҳаст, ки аз ҳисоби заминҳои талу теппаҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида кишоварзони ноҳияи Рашт майдони картошказорро вусъат бахшида, дар таъмин амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас хоҳанд гузошт.