Шоданд ҷаҳониён ба Наврӯзу ба ид,
Иди ману Наврӯзи ман имрӯз, туӣ!
Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯи шӯҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалинро ишғол менамояд.
Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21-22 –уми март, дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустини аввали сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст. Яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои ориёӣ, алалхусус мардуми форсизабон ин иди Наврӯз аст.
Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огаҳӣ биёбанд ва онро ҳамеша нигаҳдор бошанд. Тамоми оинҳои наврӯзи сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебои парастӣ ҳидоят намоянд.
Аҳли деҳаи Ҳоит Ҷамоати деҳоти Ҳоит дар ҳамбастагӣ бо хонандагони МТМУ №22 ҷашни Наврӯзи Аҷамро дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол намуданд.
Намоиши дастархони Наврӯзӣ бо пешкаши хурокҳои миллӣ, ҳафтсину ҳафтшин ба маърази тамошо гузошта шуда, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ аз ҷумла гуштини миллӣ ва дигар анъаноти мардумӣ доир карда шуданд.