Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР НОҲИЯИ РАШТ  

         Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи матбуот эълон гардидани зодрӯзи “Бухорои Шариф” нишони арҷгузорӣ ба ҳиммату хизматҳои ин нахустин рӯзномаи тоҷикӣ мебошад.

        “Бухорои Шариф” чун нахустрӯзномаи миллӣ барои ба миён омадану фаъолият намудани нашрияҳои минбаъдаи тоҷиқӣ – “Шуълаи инқилоб”, “Овози тоҷик”, инчунин дигар рӯзномаву маҷаллаҳои Мовароунаҳр заминаи боэътимод, аз нигоҳи касбият ба ҳайси роҳнамо ва мактаби эҷодӣ гардидааст.

Ин аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 11 март дар саросари кишварамон ҳамчун Рӯзи матбуот таҷлил карда мешавад.

Дар ноҳияи Рашт низ Рӯзи матбуоти тоҷик бо тантанаи хосае таҷлил карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо аҳли қалами ноҳияро бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик сидқан табрик намуда, собиқадорони соҳаи матбуотро бо туҳфаҳои пулию молӣ қадрдонӣ намуд.