Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ ВАТАН    

   Санаи 22.02.2024  дар  толори Кохи фарҳанги ноҳияи Рашт  бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои  мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   бо иштироки афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия,  собиқадорони ҷангу меҳнат, устодону донишҷӯён, роҳбарони ташкилоту   муассисаҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи хуқуқ дар сатҳи  баланди ташкили  доир гардид.

    Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина  бахшида ба 31-умин  солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ҳозиринро ба ин рӯз шодбош  намуданд.  Аз  ҷумла қайд  намуданд, ки  Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.

     Ягон давлат ё миллате бидуни ҳимоя ва артиш вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз Тоҷикистон бо артиш ва Қувваҳои мусаллаҳи худ, ки воқеан ҳам пуриқтидор аст, ифтихор мекунад. Ҳоло Артиши миллии  мо таъминкунандаи амнияти ҳар сокини мамлакат буда, фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ  хуб ба роҳ монда шуда, қисми зиёди онхоро мутахассисони касбӣ ташкил медиҳанд,- гуфт раиси ноҳия зимни ироаи номаи табрикии худ.

   Дар чорабинӣ ба як қатор афсарону сарбозон ва кормандони мақомотҳои давлатӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои  хотиравии   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Комиссариати ҳарбии ноҳия супорида шуданд.
   Аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина ба 400 нафар афсарону сарбозони   қисмҳои низомии ҳудуди    ноҳия    туҳфаҳои   хотирмон тақдим    карда шуд.

   Дар ин  чорабини ба ғолибони Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми  раиси ноҳияи Рашт ва даври ноҳиявии Мусобиқаи тирпарронии «Бонувони шуҷои Ватан» бо ифтихорнома ва  туҳфаҳои хотиравии  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ шуданд.

Пас аз анҷоми маросими туҳфасупорӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини театркунонидашударо манзури ҳозирин гардонданд.