Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ

 

Рӯзи 03.02.2024 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қабули шаҳрвандон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Рашт муҳтарам  Идизода Зарина Фузайлшо гузаронида шуд.
Қайд намудан лозим аст, ки дар рӯзи баргузории қабули шаҳрвандон, муовинони раиси ноҳия, як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок  доштанд.
Дар рафти қабул аз тарафи  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Рашт муҳтарам  Идизода Зарина Фузайлшо  ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва бо сифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилиҳои муроҷиаткунадагон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.