Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

 ПЕШВОИ МИЛЛАТ- ҒАМХОРИ ЯТИМОН

  Баъди ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт, ки бо дастгириву ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои ятимпарвару маҳбуби кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин заҳматҳои шабонарӯзии раиси ноҳияи Рашт узви маҷлиси миллии маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба анҷом расида буд, толори таъомхурии ятимон бо мизу курсиҳои наву нарм ва замонавӣ таъмин карда шуд. Бовар кунед баъди дидани ин манзараи зебо кас як рӯҳу илҳоми тоза мегирад.

Ва шоире чунин хуб гуфта:

Ҳар ки хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро…

Миннатдории аҳли кормандони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Раштро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ноҳияи Рашт мӯҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода мерасонем, ки дар як мӯҳлати кӯтоҳ фазои ин даргоҳи муқаддасро куллан дигаргун сохтанд.