Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТУҲФАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ КӮДАКОНИ ЯТИМИ НОҲИЯИ РАШТ.

       Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии мамлакат ба тарбиятгирандагони Мактабинтернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Рашт кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  расонида шуданд.

      Кумакҳои мазкурро аз номи Сарвари давлат ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт таҳти роҳбарии  Сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сафарзода Анвар Ислом, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори генералии ҶДММ “И.И. Нассоҷии тоҷик”   Давлатов  Раҷабалӣ, раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва дигар шахсони масъул  тақдим намуданд.
Кумакҳо  аз сарулибос, шириниҳои солинавӣ иборат буда, инчунин барои 141 нафар тарбиятгирандагон дастархони идона ороста шуд.
Ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд зери тава
ҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат пайваста ба шахсони яккаву танҳо ва табақаи эҳтиёҷманди мамлакат ғамхорӣ намуда, онҳоро дастгирӣ менамоянд, ки ин яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.