Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, Раиси ноҳияи Рашт, узвми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали директори Агентии захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев баҳри муайян намудани роҳҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии ноҳия, истифодаи оқилонаи замину об ва дигар сарватҳои табиӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, таҳияи нақша ва барномаҳои рушди иҷтимоии маҳал, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияту осоиштагии шаҳрвандон, беҳбудии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини кумаки тиббию санитарӣ, баланд бардоштани шароити моддию маишии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба роҳ монд.
Сабтҳои охирин
ВОХӮРИИ БО ОИЛАҲОИ ЗАРАРДИДА АЗ ЗАМИНЛАРЗА ДАР НОҲИЯИ РАШТ
20 май Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша дар Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт бо оилаҳои аз заминларза зарардида мулоқот намуда, бо ҳолати манзилҳои истиқоматии онҳо шинос шуд. Зимни вохӯрӣ Раиси Кумита иброз дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳама ҳолат пуштибони сокинон мебошад. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат […]
ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ ДАР ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТИ НОҲИЯИ РАШТ
Бо пайравӣ аз ҳадафҳои созандагиву ободкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас менамоем, ки таҳти роҳбарии бевоситаи раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина фузайлшо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо ҷалби соҳибкорон ва сокинони ҳудуди ҷамоат баргузор гардида истодааст. Ҳадаф аз […]
ПЕШБАРИИ НОМЗАД БА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲАВЗАИ ЯКМАНДАТИИ РАШТ №12
Номзадии Идизода Файзалӣ Фузайлшо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Рашт №12, аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.


