Санаи 1- уми сентябри соли 2023 дар Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва омӯзгорону хонандагон тариқи телевизион пахши мустақим аз ҷараёни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида, ки ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ роҳандозӣ гардид дастаҷамъона тамошо намуданд.
Баъд аз ба анҷом расонидани суханронии Президенти мамлакат раиси ноҳияи Рашт профессорон ва омӯзгоронро ба муносибати оғози соли таҳсил табрик намуда, ба ҳамаи онҳо барору муваффақият дар ҷодаи баланд бардоштани савияи дониши донишҷуён иброз намуд.