Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ РАШТ

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  навоҳии Рашт сафари корӣ анҷом дода, ки санаи 4-уми сентябри соли равон  дар толори калони қасри фарҳанги шаҳраки Ғарм бо фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд.

Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода маҷлисро ҳусни оғоз бахшида ва баъди суҳбати ифтитоҳӣ риштаи суханро ба  Маҳмадтоир Зокирзода доданд.

Дар оғози суҳбат Маҳмадтоир Зокирзода салому паёми самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмонро ба мардум расонд.  Сипас дар мавзӯъҳои ваҳдату ягонагӣ, дастовардҳои мардуми кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни  32-юмин солгарди  Истиқлоли миллӣ сухан гуфт.

Маҳмадтоир Зокирзода дар суханрониаш оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои оянда муайяншуда, пешбурди сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақоми занон дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  ибрози ақида  намуд.

 

Вохӯриро раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки мардуми бонангу ори Рашт аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша пуштибонӣ мекунанд ва барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми сазовор мегузоранд.