Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

23 майи соли ҷорӣ  дар майдони марказии ноҳияи Рашт шаҳраки Ғарм бахшида ба  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Аксия таҳти унвони “Ҷавонон пайравони Пешвои милат”  бо шукӯҳи хосса таҷлил гардид.Ҳамзамон  Дар даромадгоҳи қасри фарҳанги ноҳия намоиши дастовардҳои ҷавонон дар соҳаҳо мухталиф роҳандозӣ гардид.
Аз намоиши мазкур раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода намояндагони мақомоти иҷроия, ташкилоту идораҳо ва дигар қишрҳои ҷомеа дидан намуда, ба ҳунар ва истеъдоди ҷавонон баҳои баланд доданд.Пас аз садо додани суруди Миллӣ раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода  ҷавононро ба ин рӯзи фархунда табрик гуфта, қайд намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир барои муҳайё намудани шароитҳои мусоид барои ҷавонон аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд.Ҳамзамон, аз ҷониби  Муқимӣ  Раҳимҷон  Набизода  ба ҷавонони фаъол ва гирандагони стипендияи раиси ноҳияи Рашт  Сипоснома ва  тӯҳфаҳои моддию пулӣ тақдим карда  шуд.
Дар фароварди чорабинӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанг барномаи ҷолиберо   пешкаши иштирокчиён намуданд.