Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

   Маросими савгандёдкунии наваскарон

              9  май  соли 2023 дар  ноҳияи Рашт аввалин наваскарони даъвати баҳорӣ   қасами ҳарбӣ  ёд карданд. Дар ин рӯз наваскарон дар ҳузури хешу табор, фармондеҳону ҳамкорон ва собиқадорон ба Ватан савганд ёд карданд.

Дар ҳузури фармондеҳон, падару модарон, меҳмонони даъватшуда сарбозон  даст ба силоҳ бурданд ва савганди садоқат ба номи Ватан ёд карданд ва қавл доданд, ки вазифаи ҳарбии худро бошарафона ба ҷо меоранд, озодӣ  ва истиқлоли давлатро мардонавор муҳофизат мекунанд.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Мурозода Бахтиёр, сарбозони ва волидону наздикони наваскарон ширкат варзиданд.
Волидони наваскарон, намояндагони қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчунин меҳмонони даъватшуда сарбозони ҷавонро муборакбод намуданд ва барояшон таманиёти  карданд.
Муовини раиси ноҳия  Мурозада  Бахтиёр  зимни суханронии худ табрикоти раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ро ба ҳозирин расонид.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбӣ машқҳои ҳарбӣ  ба намоиш гузошта  шуд  ва  дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳияи Рашт барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин карданд.