Санаи 2 майи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучер, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Орифӣ Озар Баҳромзода, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Достизода Миралӣ, ноиби ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Одиназода Бахтиёр, муовинони раисони ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷкобод, Нуробод, Сангвор ва шаҳри Роғун ва мудирони бахшҳои фарҳанги ноҳия ва дигар роҳбарон, масъулини шуъба ва бахшҳои шаҳру навоҳии мазкур семинари омӯзишӣ вобаста ба сатҳи баланд ташкил ва баргузор шудани озмуни ҷумхуриявии “ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” баргузор карда шуд.
Қобили ёдоварист, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 №АП-329 Дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» дар соли 2023 ба тасвиб расида, ба Низомномаи он тағйирот ворид гардид.
Ин тағйирот — ворид намудани номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ба озмуни мазкур мебошад, ки хушбахтона имсол натанҳо омӯзгорон ва донишҷӯён Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, балки тамоми довталабони қобилияти баланди эҷодӣ дошта, чеҳраҳои зебоиофар дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок карда метавонанд.