Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ аёдати шахсони имконияташон маҳдуд дар моҳи шарифи рамазон ба роҳ монда шуд. То имрӯз аз тарафи масъулини мақомоти иҷроия ва кормандони шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба 46 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аёдат шуда, ба ҳар кадом ба маблағи 600 сомонӣ кумаки яквақтаина расонида шуд. Чунин кӯмакҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба нафарони табақаи ниёзманди аҳолӣ идома дорад.
Сабтҳои охирин
МИНТАҚАИ РАШТ ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР РӮЗИ АВВАЛ
Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалаи Сомониёни шаҳраки Ғарм таҳти унвони «Мо, ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд. Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи […]
Дар Ҷамоатҳои деҳотии Ҷафр ва Қалъанаки ноҳияи Рашт озмуни ҷумҳуриявии “Хушдомани бехтарин” баргузор гардид
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Ҷашни Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошҳта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Дар таҷлили ин ҷашн, раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо, муовини якуми Вазорати Кишоварзи Асозода Нуралӣ Маҳмадулло аз дастовардҳоикишоварзони ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ […]

