Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

 ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМИ   (ДАЪВАТИ ШАШУМ)-И МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ РАШТ.

Санаи 28  марти  соли равон   дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иҷлосияи шонздаҳуми (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.
Иҷлосияро  раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ярхаб  №23   Муқимӣ Раҳимҷон Набизода  раисӣ намуд.
Ба рўзномаи иҷлосияи шонздаҳуми (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт барои баррасӣ масъалаҳои зерин пешниҳод карда шудаанд:
1. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 марти соли 2022, №90 «Дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обиёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027»
Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Рашт аз 3 марти соли 2022, №123

  1. 2. “Дар бораи Нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт оид ба амалигардонии корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2022-2026 ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
     3.Дар бораи номгузори намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 деҳаи Воринги Ҷамоати деҳоти Ясман, ба номи Маълумбиби Гадоева, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64 деҳаи Ярхичи миёнаи Ҷамоати деҳоти Ҳоит,  ба номи Сайрамбиби Қосимова, Муассисаи таҳсилоти умумии  асосии  №93 деҳаи Беги сиёҳи Ҷамоати деҳоти Ҳоит, ба номи Оламбиби  Абдуллоева, Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №58 деҳаи Яхакпасти Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, ба номи Шаропов Абдулмаҷид Идибекович, Муассисаи таҳсилоти умумии асосии, №86 деҳаи Қалъаи Мақсуди Ҷамоати деҳоти Навди ба номи Қодиров Гуравли Абдухолиқович, Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №82 дeҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум ба номи Ҷумъаев Сабриддин Субҳонович.
    4. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи  Рашт, Давлатова Дилафрӯз  Мирсаидовна,  вакил аз ҳавзаи интихоботии Навди №27, Искандаров  Оятулло Изатшоевич, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷафр №34   Аббосзода Додарбег Давлат,  вакил аз ҳавзаи интихоботии  Ҳоит №36  ва таъин намудани интихоботи нав дар ҳавзаҳои интихоботи.
    5. Дар бораи тасдиқ намудани “Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт”
    6. Дар бораи тасдиқ  намудани Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт.
    Дар бораи таъсис додани Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт.
      7.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Навдонак №11 Ҷононзода Маҳмадисо Юнус.
        8.Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Рашт, ки дар байни иҷлосияҳо қабул карда шудаанд.