16-уми феврали соли 2023 дар заминаи силсилачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба 30- юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ вохурии донишҷӯёни колеҷи тиббӣ, ҷавонон ва бонувони ноҳия баргузор карда шуд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Мурозода Бахтиёр муовини раиси ноҳия оғоз шуд, ҳайати меҳмонон, ҷавонон аз намоиши ба қисмҳо ҷудо намудани таҷҳизотҳои ҷангӣ ва чорабиниҳои варзишӣ дидан намуданд.Дар ин замина туҳфаҳои омодакардаи роҳбарияти колеҷи тиббӣ ва бахши кор ба ҷавонон ва варзиши ноҳия ба сарбозони қисми низомӣ, ки дар чорабиниҳои варзишӣ фаъолона ширкат намуданд супорида шуданд.
Дар фароварди чорабинӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертиро манзури меҳмонон ва сарбозон гардониданд.