24 ноябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як қатор биноҳои нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар деҳаи Варзигуни Ҷамати деҳоти Боқи Раҳимзода бинои нави муассисаи таълимӣ ва дар Ҷамоати Қалаи Сурх бунгоҳи тиббӣ, дар ҷамоати Шаҳраки Навобод толори варзиши ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва саҳми соҳибкорон сохта шудаанд бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода мавриди истифода қарор дода шуданд.
Сабтҳои охирин
Нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Рашт аз руи усули “деҳа ба деҳа” дар Ҷамоати деҳоти Хичборак, деҳаҳои Ярхаб ва Зарангак.
РӮЗНОМАНИГОРОН ҚАДРДОНӢ ЁФТАНД
Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон санаи 11 март расман Рӯзи матбуоти тоҷик қайд карда мешавад. Ба ин хотир бо иқдоми раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо аҳли эҷоди рӯзномаи ноҳиявии, “Оинаи Рашт” ва собиқадорони матбуот қадрдонӣ ёфтанд. Ба собиқадори матбуот Давлатов Абдулло, ки ба 86-умин баҳори умр расидааст, дар манзили истиқоматиаш кумаки молиявӣ расонида шуд. […]
БА ОСЕБДИДАГОНИ ЗИЛЗИЛА КУМАК РАСОНИДА ШУД
Кумакҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо ва намояндаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахтов Бахтиёр ба оилаҳои аз зилзила зарардидаи ноҳияи Рашт расонида шуд. Кумак аз дастрасӣ ба хайма, маводи ғизоии ниёзи аввал орд, шакар, макарон, равған […]

