Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

Чорабинии ноҳиявӣ ба истиқболи Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли равон бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Маркази ноҳия – шаҳраки Ғарм он рӯз фазои идона ба бар дошт. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 37 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато дар кушодашавии иншооти мутазаккира иштирок намуданд.

Деҳқонони ноҳия дар майдони марказии шаҳраки Ғарм намоиши маҳсулоти кишоварзиро ба маърази тамошо гузошта, намоиши дастаи варзишгарон дар роҳи шафати бозори марказӣ ва “Файзи кӯҳсор” сурат гирифт. Дар назди даромадгоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳраки Ғарм тамошобинон аз дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

Чорабинии тантанавиро дар варзишгоҳи марказӣ муовини раиси ноҳия Муродзода Бахтиёр Сайъалӣ кушода, ҳозиринро шодбош гуфт.

Муқимӣ Раҳимҷон Набизода номаи шодбошии худро ба муносибати 31- солагии Истиқлоли давлатии кишвар ироа кард.

Намояндаи Ҳукумати мамлакат Нурмаҳмад Ато аҳли нишаст ва тамоми сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шодбош гуфт. Мавсуф зимни баромадаш зикр кард, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои пешрафти соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сохтмон, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, рушди сайёҳӣ, варзиш ва идома додани татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаву созандаи Роҳбари давлат корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Имсол дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад, зеро бо вуҷуди таъсири манфии вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии минтақа боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум, аз ҷумла кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ инчунин, дигар ташкилоту муассисаҳо як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.

Ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат мардуми кишвар, аз ҷумла соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ, аҳли маориф ва зиёиёну эҷодкорон дар соҳаву бахшҳои худ софдилона заҳмат мекашанд ва ба хотири анҷом додани иқдоми созанда ташаббусҳои ватандӯстона нишон медиҳанд…

Пас анҷоми суханрониҳо намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти кориашон натиҷаҳои назаррас доранд, ба мукофотҳои давлатӣ, ифтихорномаю сипосномаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ шуданд.

Аз ҷумла, сардори муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт Абулхайр Сайдаҳмадов, муовини сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Қулмаҳмад Нуров ва  директори қасри фарҳанги ноҳия Зафар Шарифзода бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонда шуда, беш аз 50 нафари дигар бо сипосномаю ифтихорномаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату кумитаҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонда шуданд.

Дар фаровард дастаи ҳаваскорони қасри фарҳанги ноҳия дар якҷоягӣ бо ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Ҷовидон Нозимов ва Шаҳло Ҳафизова намоиши хуби театрикунонидашудаеро манзури ҳозирин намуданд.