Вохӯри бо ҷамоат Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

“ШОМИ ИСТИҚЛОЛ”  

 Чорабиниҳои “Шоми Истиқлол” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хос ва моломол аз салиқаи хуби ҳунармандони маҳалҳои дурдаст доир гардида истодааст.

Ба гуфтаи  Бахтиёр Мурозода , муовини  раиси ноҳияи Рашт, чорабиниҳои мазкур дар асоси қарори раиси ноҳияи Рашт аз 6 августи соли 2022, № 433 “Дар бораи дар сатҳи деҳа, ҷамоат ва маркази ноҳия баргузор намудани маҷлисҳои тантанавӣ, барномаҳои театрикунонидашуда ва барномаҳои консертӣ” баҳри иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 34/10-40 аз 9 августи соли 2022 роҳандозӣ гардидааст.