фестиваи ноҳиявии «Сад ранги чакан» ва чорабинии ноҳиявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар чойхонаи Болои оби шаҳраки Ғарм бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардиданд.
Дар он бонувони ҳунарманд аз тамоми гӯшаву канори ноҳия ҷамъ омада, ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд.
Чорабинии мазкурро Зарина Идизода, муовини якуми раиси ноҳияи Рашт, ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз дастгириҳои раиси ноҳия дар самти занон, ки аз роҳи сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ёдовар шуд.
Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, риштаи суханро ба даст гирифта, номаи шодбошии худро бахшида ба Рӯзи оила ироа дошт ва афзуд, ки оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Гузаштагони бузургамон мегуфтанд, ки “Оила нахустин пойдевори иморати мӯҳташами давлатдорист ва ҳарчанд пойдевори иморат мустаҳкам бошад, он ҳамон қадар пойдору бошукӯҳ мегардад”.
Дар кишвари мо низ оила ҳамчун ячейкаи аввалини ҷомеа эътироф шуда, таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор дорад…
Пас аз суханронии раиси ноҳия аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба 4 оилаи намунавӣ, 3 оилаи навбунёд ва 10 кӯдаки оилаҳои камбизот туҳфаҳои хотиравию кумакҳоли молиявӣ расонда шуд. Ҳамчунин ин 3 оилаи навбунёд бо шаҳодатномаи ақди никоҳ ва кӯдакони оилаҳои камбизот бо шаҳодатномаи таваллуд таъмин карда шуданд.
Вобаста ба Фестивали ноҳиявии “Сад ранги чакан” дар бахши намоиши сару либоси миллӣ доираи васеи ҷавонбонувон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва донишҷӯёни коллеҷҳову донишкадаи омӯзгории дар ҳудуди ноҳиябуда иштирок карданд.
Ёдовар мешавем, ки Зубдахон Валиева, сокини Ҷамоати деҳоти Қалъанак, барои иштирок кардан дар Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” пешниҳод карда шуд.
Ҳунармандони кохи фарҳанги ноҳия низ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оил барномаи ҷолиби консертиеро пешкаши ҳозирин намуданд.