Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ 77-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ ДАР РАШТ

Субҳи имрӯз, 9 майи соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти Н. Махсум дар назди пайкараи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии идона бо иштироки раиси нохия Рашт Мукими Р. Н кормандони ташкилоту идораҳо, иштирокчиёни ҶБВ, хонандагони мактабҳо ва сокинони нохияи Рашт баргузор гардид.

Нахуст, раиси нохия ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомади мазкурро бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик намуда, оид ба каҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ иброз дошт, ки меҳтарони мо дар он давру замонҳо бо ҷони худ бозӣ карда, баҳри ҳифзи шаъну шараф ва давлату миллати хеш бар зидди душманон ҷангида, имрӯзи ободу осоиштаро барои ҳамаи мо фароҳам овардаанд.