Хабарҳо

Ноҳияи Рашт 90-сола шуд.

Ноҳияи Рашт ҳамчун ноҳияи Ғарм 10 марти соли 1931 дар масоҳати 5346,9 км2 ташкил ёфтааст.

Мутобиқи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2001, №190 номи ноҳияи Ғарм ба ноҳияи Рашт иваз карда шуд.

Масоҳати умумии ноҳияи Рашт 4,6 ҳазор км2-ро ташкил намуда, 97%-и масоҳати онро кўҳҳо фаро гирифтаанд.

Ноҳияи Рашт аз ҷануб ба ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара), аз шарқ бо ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш (собиқ Ҷиргатол), аз шимолу шарҳ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, аз шимол бо ноҳияҳои Айнӣ ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва аз ғарб бо ноҳияи Нуробод ҳамсарњад аст.

Маркази ноҳия шаҳраки Ғарм аз сатҳи баҳр дар баландии 1350 метр ҷойгир шудааст. Дар баландиҳои 1500 то 3000 метр иқлим муътадил, тобистон салқин ва зимистон сард аст. Ҳарорати миёнаи моҳи июл +18 +240С ва моҳи январ аз -5 то -100С мебошад. Миқдори боришот ба ҳисоби миёна 600-900 мм-ро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1 январи соли 2021 аҳолии ноҳияи Рашт 135,8 ҳазор нафар ё 1,5 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ноҳия аз рўи хусусияташ аграрӣ буда, 98 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Ҳайати иҷтимоии аҳолии ноҳияро 100 фоиз тоҷикон ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия ду ҷамоати шаҳрак (шаҳракҳои Ғарм ва Навобод) ва 12 ҷамоати деҳот фаъолият доранд. Маркази ноҳия шаҳраки Ғарм мебошад.

Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Рашт ба пешравиҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ноил гашта, тавассути корҳои созандагию бунёдкорӣ симои худро комилан дигар намудааст.

Эҳёи Рашт муборак!