Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодии давраи навин дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад.
Чуноне, дар арафаи таҷлили 26-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 иншооти таъиноти гуногун ва дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ки Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021 ҷиҳати иљрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тољикистон аз 22 майи соли 2018 № АП-1059 оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тољикистон таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар асоси он, дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дорад.
Ба гуфтаи Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ, муовини раиси ноҳияи Рашт, нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида аз 334 банд, аз ин 19 банд аз чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва 315 банд аз бунёди иншоотҳои таъиноти гуногун иборат аст, ки дар давоми солҳои 2018 ва 2019 аз ин шумора 160 иншоот, дар арафаи љашни 23 солагии “Рўзи Ваҳдати миллӣ” 18 иншоот, дар рӯзҳои ҷашни 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тољикистон 22 иншоот, дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 иншоот ва дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шудааст.
– Ҳамчунин, дар 83 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ва таъмиру барқарорсозӣ бо мақсади таҷлили шоистаи Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, – гуфт дар хотимаи суҳбат муовини раиси ноҳия.