Рӯзномаи "Оинаи Рашт"

«ОИНАИ РАШТ» – ОИНАИ ЗИНДАГИИ МОВУ ШУМОСТ!

«ОИНАИ РАШТ» – ОИНАИ ЗИНДАГИИ МОВУ ШУМОСТ!

    «Оинаи Рашт» нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт буда, минбари розу ниёз ва инъикосгари дастоварду комёбиҳои мост;

       Оинаест, ки дар муқобили офтоби рӯзгорамон қарор гирифта, нурҳои онро дар худ мунъакис месозаду ба сӯи дуриҳои дур, яъне ба ояндагонамон мефиристад;

     Оинаест, ки дар соҳати он гузаштаи дуру наздики диёрамонро мебинем;

  Инъикосгари ҷонибдориҳои мардуми ноҳия аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст;

       Пулест миёни раиси ноҳия ва тамоми қишри ҷомеа;

     Равзанаи ошноист бо шахсиятҳои муваффақу соҳибмақоми ноҳия;

     Кашшофи истеъдодҳои нодири диёри мост;

     Ягона минбарест, ки баҳри рушди ҷомеа, эҳёи ҳисси миллӣ ва тафаккури хештаншиносии мардуми ноҳияи мо хизмат мекунад;

     Рӯзномаест, чун оинаи ибратбин, воқеияти ҳаётро ҳамаҷониба инъикос карда, моро ба накукорӣ ва созандагию бунёдкорӣ ҳидоят мекунад.