Хабарҳо

ДАШТИ РАШТ. МУШКИЛОТ БАРТАРАФ ШУД

         Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Рашти шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт боз як иншооти ҳаётан муҳим ба истифода дода шуд.

         Сокинони маҳалла бо дастгирии молиявии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро чоҳи амудиро дар як муддати кӯтоҳ  сохта ба истифода доданд. Чунон ки дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома раиси маҳаллаи Рашт Зикрулло Ҳайдаров гуфт, солиёни зиёд сокинони ин мавзеъ аз норасоии оби нӯшокӣ ва полезӣ ба мушкилот гирифтор буданд. Дар ин қисмати шаҳрак беш аз 120 оила сукунат дорад. Жарфи чоҳи амудӣ 86 метр буда, барои сохтмони он 220 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст ва мардуми маҳаллӣ низ дар доираи имконоти хеш дар баробари иштирок намудан дар корҳои сохтмонӣ маблағгузорӣ намудаанд. Бунёди ин иншоот имконият фароҳам овард, ки тамоми сокинони маҳалла бо хати оби нӯшокӣ таъмин шаванд.

         Дар баробари ба истифода додани чоҳи амудӣ бо ибтикорӣ Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ роҳҳои мошингарди дохили маҳалла тахту ҳамвор ва сангфарш карда шуд, ки дар баробари аз байн бурдани мушкилии ноҳамвории роҳҳо ба ҳусни ин гӯшаи зебои кӯҳистон ҳусни нав зам намуд. Ногуфта намонад, ки соли гузашта роҳеро, ки маҳалларо ба шоҳроҳ мепайвандад, бо кумаки ин вазорати бонуфузи ҷумҳурӣ дар масофаи зиёдтар аз ду километр мумфарш карда шуда буд.

         Рӯзи ифтитоҳи иншооти мазкур ин мавзеъ сурати идона дошт. Сокинони маҳалла аз хурд то калон он ҷо ҷамъ омада, бо шодиву хурсандӣ омадани меҳмононро мунтазир буданд. Баробари аз мошин фуромадани раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Сафиало Азизулозода сокинони маҳалла дар атрофи онҳоро ҷамъ омаданд. Баъди буридани лентаи рамзӣ раиси ноҳия ҳузури мардум суханронӣ кард.

         – Мо бояд пеш аз ҳама шукронаи онро кунем, ки Пешвои бузургу хирадманд барои мардуми кишвари мо насиб гардидааст, – гуфт Раҳимҷон Набизода. – Ҳамаи ободкориҳое, ки дар мамлакати мо амалӣ мегарданд, маҳз туфайли дурандешӣ ва ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи вай амалӣ мешаванд. Шукронаи онро кунем, ки дар фазои Тоҷикистони биҳиштосои мо  сулҳу амонӣ ҳукмрон аст ва мардум метавонанд танҳо пайи ободии мамлакат ва таъмини зиндагии шоиста софдилона заҳмат кашанд. Дар ноҳияи мо бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муҳими таърихӣ – сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 315 иншооти муҳим ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз  188 иншоот ба истифода дода шуд. Дар дигар сохтмонҳо кор бо низом идома дорад ва итминони комил дорам, ки то рӯзи ҷашн ҳамаи онҳоро ба истифода хоҳем дод. Бояд гуфт, ки дар корҳои ободкорӣ саҳми соҳибкорони маҳаллӣ хеле назаррас аст. Беш аз 90 фоизи иншоотҳо аз ҷониби онҳо бунёд мегарданд ва соҳибкорони мо худро пайравони ҳақиқии Пешвои муаззами миллат медонанд. Дар дараи овозадори Камаров соҳибкоре ба бунёди як бинои муассисаи таълимӣ шурӯъ намудааст, ки тибқи лоиҳа чунин бино то ҳанӯз дар минтақа сохта нашудааст. Бинои таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои сохтмони он шаш миллион сомонӣ масраф мегардад. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки мардуми мо имрӯз мазмуну мақсади  дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро дарк намудаанд ва дар атрофи вай муттаҳид гардида, барои амалӣ шудани корҳои хайр дастҷамъона кору зиндагӣ мекунанд.

         Аз номи тамоми мардуми ноҳия ба Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои чунин як иқдоми наҷиби созанда арзи сипос менамоям.

         – Мо ҳамеша дар хизмати халқи азизи кишварамон ҳастем,-гуфт генерал-майори милитсия С. Азизуллозода. – Вазир мехостанд, дар ин маърака ширкат варзанд, аммо бо сабаби банд будан ба корҳои муҳими давлатӣ омада натавонистанд ва маро вазифадор намуданд, ки саломи ӯро ба шумо расонам ва ҳамчунин ба арзи шумо расонам, ки кормандони мақомоти милитсия ҳамеша дар паҳлуи шумо буда, барои амалӣ намудани ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби зиндагии ҳар хонаводаи Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт.

         – Мо сокинони маҳалли Рашт ғамхории Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард, гуфт раиси маҳалла Зикрулло Ҳайдаров. – Ҳикмати халқ аст, ки “як ташнаро об додан он қадар савоби бузург дорад, ки баробари сад гушнаро нон додан аст.” Ногуфта намонад, ки ин марди бузург, ки дар мактаби Пешвои муаззами миллат обутоб ёфтааст, байни сокинони ноҳияи мо обрӯ ва эътибори зиёдро соҳиб аст. Ӯ аз ҷумлаи онҳоест, ки бадали ҷонбозиҳо соли 2010 барои оромии вазъи минтақа хизмати арзанда кардааст.

         Дар охир чанд нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии маҳалла доир ба мавзӯи об ва даҳсолаи “Об барои ҳаёт” шеърхонӣ карданд.