РАШТ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»
Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал зиёда аз 500 тонна гандум захира намуда, инчунин ба воситаи мағозаҳои зертобеаш дар ноҳияҳои Рашт 210 тонна орд, Ҷамоати деҳоти Сағирдашт 100 тонна, Сангвор 70 тонна, Лахш 50 тонна ва Тоҷикобод 50 тонна орди хушсифат захира намудааст. Корхона орди навъи якумро бо нархи 215 сомонӣ ва навъи дуюмро бо нархи 167 сомонӣ ба сокинони ин ноҳияҳо пешниҳод намудааст.
Дар ин бора сармуҳосиби Корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт» Сироҷиддин Мирзоаҳмадов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт» имрӯзҳо дар ноҳияҳои мазкур 22 тонна шакарро ба маблағи 6 сомону 20 дирамӣ, 5000 литр равғанро бо нархи 12 сомонӣ, 5 тонна макаронро бо нархи 5 сомонию 50 дирам, 4 тонна марҷумакро ба маблағи 8 сомонию 50 дирамӣ ба фарӯш гузоштааст.
Инчунин 80 тонна ҷав ва 15 тонна сабусро барои хӯроки чорво бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба сокинони ноҳияҳои мазкур пешниҳод намудаанд.
Корхонаи истеҳсолии орд дар ноҳияи Рашт соли 2014 аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани нархи орд дар бозорҳои минтақаи Рашт таъсис ёфтааст. Он имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулот дар мағозаю бозорҳои минтақа саҳми арзанда дорад.