Омӯзгор дар ҳама давру замон яке аз шахсиятҳои муҳим ва соҳибэҳтироми ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ӯ на танҳо ба шогирдон дониш меомӯзонад, балки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ҳисси ватандӯстии насли наврас нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, касби омӯзгорӣ рисолати бузург ва масъулияти пуршараф дар назди ҷомеа ва давлат мебошад.
Таҷлили Рӯзи омӯзгор имкони муносибест барои арҷгузорӣ ба заҳматҳои устодону омӯзгороне, ки бо меҳру самимият ва масъулияти баланд ба таълиму тарбияи фарзандони миллат машғуланд. Ҳар дастоварди шогирд, ҳар қадами устувори ӯ дар роҳи зиндагӣ ва ҳар муваффақияти ҷомеа аз заҳмати омӯзгори соҳибтаҷриба ва масъулиятшинос маншаъ мегирад.
Дар Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва мақоми омӯзгор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Зеро рушди устувори давлат, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии насли ҷавон вобаста аст. Дар ин раванд омӯзгор ҳамчун шахси калидии низоми таълиму тарбия нақши меҳварӣ дорад.
Омӯзгори имрӯз бояд на танҳо соҳиби дониши амиқи касбӣ бошад, балки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, аз технологияҳои навини таълимӣ огоҳ ва барои рушди қобилиятҳои зеҳниву эҷодии хонандагон омода бошад. Зеро ҷаҳони имрӯз аз ҳар як омӯзгор муносибати нав, ҷустуҷӯи пайваста ва такмили доимии маҳорати касбиро тақозо мекунад.
Нақши омӯзгор дар тарбияи насли худшиносу худогоҳ, ватандӯст, масъулиятшинос ва созанда махсусан муҳим аст. Ҳар сухани неки устод метавонад дар қалби шогирд тухми меҳру муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулият дар назди ҷомеаро бикорад. Аз ҳамин ҷост, ки номи омӯзгор ҳамеша бо мафҳумҳои маърифат, инсонсозӣ, некӣ ва ояндасозӣ пайванди ногусастанӣ дорад.
Имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт низ омӯзгорони зиёде бо эҳсоси баланди масъулияти касбӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Онҳо дар баробари таълими фанҳои гуногун, барои тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи қонун, фарҳанги муошират ва меҳнатдӯстӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Меҳнати омӯзгор шояд ҳамеша дар пеши чашми ҷомеа набошад, аммо натиҷаи он дар ҳар як дастоварди шогирд, дар пешрафти ҷомеа ва дар ояндаи кишвар инъикос меёбад. Шогирде, ки имрӯз дар синфхона ба донишомӯзӣ машғул аст, фардо метавонад табиб, муҳандис, омӯзгор, олим, хизматчии давлатӣ ё дигар мутахассиси соҳибкасб гардад. Дар паси ҳар як чунин муваффақият заҳмати устод меистад.
Рӯзи омӯзгор, пеш аз ҳама, рӯзи эҳтиром ба касест, ки умри худро ба тарбияи инсон мебахшад. Ин рӯз моро водор месозад, ки саҳми устодонро дар рушди ҷомеа бештар қадр намоем ва ба заҳмати пурмасъулияти онҳо эҳтироми самимӣ гузорем.
Ба муносибати Рӯзи омӯзгор ҳамаи устодону омӯзгорон, собиқадорони соҳаи маориф ва кормандони муассисаҳои таълимиро самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, неруи созанда, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пуршарафи омӯзгорӣ дастовардҳои нав орзумандем.
Омӯзгор чароғи роҳи маърифат аст. Нури ин чароғ ҳар қадар равшантар бошад, роҳи фардои миллат ҳамон қадар равшантар хоҳад буд.

