Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

РӮ БА ПЕШРАФТ

   Муҳимтарин вазифаи мактаб ва ҷомеа дар шароити нави таърихӣ аз он иборат аст, ки шогирдонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ, ҳамчунин дарки равшани арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд. Ин вазифа бояд тамоми низоми таълиму тарбияро фаро гирад-таъкид намудааст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо дарки ин маън
ӣ дар доираи сафари кории Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт,  санаи 25 августи соли 2025 аз тарафи  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ Фузайлшо намояндаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, Вазири  нақлиёти Тоҷикистон муҳтрам Азим Иброҳим ва раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси милии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Идизода Зарина  муассисаи ибтидои  №108 дар деҳаи Қалъаи Ҷамоати  деҳоти Ҳиҷборак, майдончаи варзишӣ  деҳаи Зарангак,  дар  Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсум мумфарш намудани  роҳои байнидеҳавӣ  ва мавзеи Саёҳи дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода мавриди истифода қарор  дода шуданд.